Президент Пётр Порошенко Виктор Никитюкро аз мансаби сафири Украина дар Тоҷикистон ва ҳамзамон сафирм Украина дар Афғонистон барканор намуд. Фармони дахлдор дар ин хусус дар сомонаи президенти Украина нашр шудааст.

“Никитюк Виктор Олегович аз вазифаи сафири Украина дар Тоҷикистон ва ҳамзамон сафири Украина дар Афғонистон озод карда шавад”, - гуфта мешавад дар санад.

Дар бораи ному насаби сафири нав дар ин мансаб алҳол маълумот дода нашудааст.

Виктор Никитюк 30 августи соли 2012 аз ҷониби президенти пешини Украина Виктор Янукович сафири ин кишвар дар Тоҷикистон таъин шуда буд. Қаблан ин вазифаро аз соли 2007 Вячеслав Похвалский (қароргоҳ дар Тошканд) ишғол мекард.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Украина 24 апрели соли 1992 роҳандозӣ шуданд.

Аз соли 1999 дар Киев Намояндагии савдои Тоҷикистон фаъолият дошта, моҳи декабри соли 2010 дар пойтахти Украина сафоратхонаи Тоҷикистон боз шуд.

Тавофуқ дар бораи ифтитоҳи дуҷонибаи намояндагиҳои дипломатӣ ва марказҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистону Украина зимни сафари расмии президенти Украина Виктор Юшенко моҳи марти соли 2008 ҳосил шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.