Дар ҳошияи баргузории Муколамаи “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Самарқанд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, ба ҷониби Ӯзбекистон аз ҳусни мусоидат ҷиҳати баргузор намудани аввалин Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон изҳори миннатдорӣ баён карда шуд.

ВКХ ҶТ

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба комёбиҳои бесобиқа дар соли 2018 дар пешбурди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ишора карда, таъкид намуданд, ки барои татбиқи фарогири мувофиқаҳои зимни сафарҳои давлатии роҳбарони ду кишвар ҳосилшуда ҳар ду ҷониб пайгирона амал менамоянд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз афзоишёбии қобили мулоҳизаи гардиши савдои мутақобила дар соли гузашта байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамзамон зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар ин самт тибқи супориши роҳбарони ду давлат бо истифода аз имкониятҳои нуҳуфта таъкид гардид.

Дар ин робита истифода аз зарфиятҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ, ки ҷаласаи навбатии он соли 2019 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, зарур шуморида шуд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот бо вазири навтаъйини корҳои хориҷии Қазоқистон Бейбут Атамкулов маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба, аз ҷумла дастурҳое, ки роҳбарони ду кишвар ҳангоми вохӯриҳои дуҷониба ба сохторҳои дахлдор додаанд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

ВКХ ҶТ

Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки мақомоти марбутаи ду кишвар иқдомҳои заруриро ҷиҳати афзун гардонидани ҳаҷми савдои мутақобила роҳандозӣ менамоянд.

Зикр мегардад, ки дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда баррасӣ гардид, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ ва мушкилоти минтақаҳои наздисарҳадӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

ВКХ ҶТ

Ҷониби Тоҷикистон бори дигар ба зарурати худдорӣ аз амалҳои якҷониба бидуни ҳамоҳангӣ дар минтақаҳои баҳсноки сарҳадӣ, паст намудани шиддат байни аҳолии он минтақаҳо, ҳар чӣ зудтар имзо намудани Аҳднома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи Сарҳади давлатии ду кишвар бо инобати хати сарҳади қаблан мувофиқашуда ва дигар масъалаҳо бо ташдид ишора кард.

Дар ин робита Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба зарурати баргузории ҳамзамони ҷаласаҳои навбатии комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ ва оид ба баррасии маҷмӯи масоили дуҷониба таъкид намуд.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.