Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров  бо даъвати Раиси Шӯрои  Ассамблеяи Байнипарламентии  давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ҳайат дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони  Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок мекунад.

Дар ҷаласаҳо масъалаҳои иштироки нозирони байнулмилалӣ аз АБП ИДМ дар пайгирии интихоботи ҷанде қабл доиргардида дар кишварҳо Иттиҳод, фаъолияти минбаъдаи Ассамблея дар бахши рушди демократия ва парламентаризм, омодагӣ ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиёни чорабинӣ баррасӣ мешаванд.

Дар доираи кори чаласаҳо ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои Шукурҷон Зуҳуров бо ҳамтоҳои худ аз чанде кишварҳои узви ИДМ дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.