Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин рӯзҳои 26-27 апрел дар нишасти форуми “Як камарбанд – як роҳ” дар Пекин иштирок мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи кори нишаст дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин, ҳамчунин сарони як қатор кишварҳо ва доираҳои тиҷоратии Чин ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори форум аз иштироки наздики 40 нафар сарони кишвар ва ҳукуматҳо интизорӣ меравад. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа дар Пекин изҳор доштааст, ки имсол ҷиҳати иштирок дар форум аз ҷумла сарони давлатҳои Россия, Покистон, Қазоқистон, Австрия, Озарбойҷон, Беларус, Чехия, Миср, Юнон, Маҷористон (Венгрия), Италия, Муғулистон, Филиппин, Сербия, Сингапур, Тоҷикистон, Таиланд, АМА ба Пекин ташриф меоранд.

Дар нишасти аввал моҳи майи соли 2017 дар Чин Эмомалӣ Раҳмон иштирок надошт. Дар он сарони давлату ҳукуматҳои 29 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.

Тоҷикистонро дар он нишаст вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва раиси Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ намояндагӣ карда буданд.

Ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ"-и Чин, ки Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон як бахши он аст, сармоягузорӣ дар сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳанро дар кишварҳои ҳамсарҳадаш дар назар мегирад.

Дар он ҳамчунин бунёди долонҳои нави тиҷоративу нақлиётӣ, ки беш аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро ба ҳам мепайванданд, пешбинӣ шудааст, ки ба рушди мунсибатҳои тиҷоратӣ байни Чин ва ин кишварҳо мусоидат мекунад.

Ташаббуси «Як камарбанд - як роҳ» аз ҷониби раиси Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2013 зимни сафараш ба Қазоқистон пешниҳод гардида, аз ду лоиҳа - «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» ва «Роҳи баҳрии Абрешим асри XXI» иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон санаи 17 апрел зимни сафари расмиаш ба Россия бо президенти ин кишвар Владимир Путин дидору гуфтушунид анҷом дода, аз рӯи натиҷаҳои музокирот 17 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.