Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президентии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон Владимир Зеленскийро самимона табрик намуда, ба ӯ сиҳатии бардавому пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Украина саодатмандиву рифоҳ ва шукуфоии рӯзафзун таманно кардааст.

“Мардумони Тоҷикистону  Украинаро  анъанаҳои равобити нек, ҳусни таваҷҷуҳ ва кишварҳои моро ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба ҳам мепайванданд, - омадааст дар барқия. - Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳоямон назари нек дорем”.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки бо талошҳои  муштарак муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина минбаъд низ бар манфиатҳои мардуми ҳарду кишвар густаришу таҳким хоҳанд ёфт.

Бино ба маълумоти 24tv.ua, Комиссияи марказии интихоботи Украина 100% раъйро дар интихоботи даври думюи президенти Украина ҳисобу китоб кардааст. Владимир Зеленский ба касби 73,22% ва Петр Порошенко ба гирифтани – 24,45%-и овозҳои интихобкунандагон ноил гардиданд. Ин натиҷаи ниҳоии интихобот мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.