Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро, ки дар Тошканд бо сафари расмӣ қарор дошт, ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни пойтахтҳои ду кишвар – Душанбе ва Тошканд баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тайи солҳои охир қайд кард.

Дар навбати худ, Рустами Эмомалӣ ба Шавкат Мирзиёев паёму таманниёти самимии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Ба масъалаҳои роҳандозии муколамаи мунтазам дар самтҳои табодули таҷриба дар бахши идоракунии шаҳр ва рушби зербино, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои фарҳангӣ бар асоси “харитаи роҳ” таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.

Дар доираи сафари расмӣ Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни бунёдкориву навгониҳо дар шаҳри Тошканд шинос шуд.

Дар кӯчаи Фарғона Йулии ноҳияи Яшнобод ӯ аз метрои рӯйизаминӣ боздид карда, бо вагонҳо барои ҳаракат дар хати нав шинос шуд.

Раиси шаҳри Душанбе бузургмиқёсии корҳои сохтмонро дар пойтахти Ӯзбекистон қайд карда, таъкид дошт, ки омӯзиши таҷрибаи Тошканд дар ин самт барои Тоҷикистон муҳим аст. Дар ин бора сомонаи расмии раиси пойтахти Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон аз маркази омӯзишии «Ба кор даъват мекунем»-и Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ дар ноҳияи Яшнобод ва Маркази хизматрасониҳои давлатии ноҳияи Чилонзор боздид кард.

1/3

Зимни вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев созишнома дар бораи амалисозии нақшаи чорабиниҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳанг байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд барои давраи солҳои 2020-2021 ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.