Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров дар як муроҷиатнома ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ дархост кард, ки маблағи гарави интихоботиро барои аҳзоб ва номзадҳо ба вакилӣ бекор кунад. Интихоботи навбатӣ ба парлумони Тоҷикистон 1-уми марти соли 2020 баргузор мешавад.

Дар муроҷиатномаи раиси ҲСДТ қайд мешавад, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон маблағи гаравпулии интихоботро 5 ҳазору 800 сомонӣ (ҳудуди 600 доллар) муқаррар кардааст.

“Барои ҳар як номзад ба вакилии ҳизби сиёсӣ дар ҳавзаи ҷумҳуриявӣ гузоштани гарави интихоботӣ ба маблағи 5800 сомонӣ, барои 10 нафар аз ҳизб 58000, барои 22 нафар – 127600 сомонӣ муқаррар шудааст, ки ин ғоратгарӣ дар рӯзи равшан аст”, - қайд мешавад дар муроҷиатнома.

Маблағи гарави интихоботӣ пулест, ки аз ҷониби номзад зимни пешбарии ӯ ба мансаби интихобӣ ба суратҳисоби махсуси комиссияи интихобот гузаронида мешавад.

Агар номзад ҳадди ақалли овозҳои интихобкунандагонро ба даст наорад, он баргардонида намешавад.

Қаблан ҳар кадом аз ҳизбҳое, ки дар интихобот иштирок мекарданд, барои ҳар як номзади худ ба Комиссияи марказии интихобот ба сифати гаравпулӣ 11 ҳазору 600 сомонӣ мепардохтанд. Соли 2014 нисфи ин маблағ кам шуд.

Шахсоне, ки пул надоранд, аз ҳуқуқи интихоб маҳрум мешаванд

Раҳматилло Зойиров дар муроҷиатномаи худ изҳор доштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ба Маскав пайравӣ кунад. Дар Русия ҳамзамон бо ниҳоди ҷамъоварии имзои интихобкунандагон ба дастгирии номзадҳо, маблағи гарави интихоботӣ то соли 2009 вуҷуд дошт, аммо баъдан бекор шуд.

Зойиров афзуд, ки дар давоми 10 соли охир ҲСДТ масъалаи бекор кардани ҳама гуна гарави интихоботиро беш аз 15 маротиба бардоштааст, лекин аз ҷониби ҳукумат ҳеҷ вокунише сурат нагирифтааст

Рӯзи 5-уми декабр аъзои раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ бори нахуст масъалаи иштироки ҳизбро дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли оянда баррасӣ карданд.

Иштирокчиёни ҷаласа таъкид доштанд, ки бо моҳият ва ҳаҷми гаравпулӣ, ки дар моддаи 32.1-и қонун дар бораи интихобот дарҷ ёфтааст, комилан норозиянд. Ин модда дастрасии шаҳрвандон, хусусан, шахсони бовиҷдонро, ки дуздӣ намекунанду бо меҳнати ҳалол зиндагӣ мекунанд, маҳдуд месозад.

Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ қайд кардааст, ҳукумати кишвар қасдан гаравпулии зиёди интихоботиро нигоҳ медорад, то ин ки шаҳрвандони барояш номақбули камбизоатро аз иштирок дар раванди интихобот, ё саҳеҳтараш онҳоро аз ҳуқуқи интихоб шудан маҳрум мекунад.

Масъалаи иштирок ё таҳрими интихобот аз ҷониби ҲСДТ рӯзи 5-уми декабр ба таври ниҳоӣ ҳал нашуда, барои баррасӣ дар ҷаласаи минбаъдаи раёсати Шӯрои сиёсии ҳизб, ки нимаи дуюми имрӯз, 10 декабр дар Душанбе доир мегардад, мавқуф гузошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.