Дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон 39 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст, ки дар он шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҷонибдории номзади худ ба вакилӣ овоз дода метавонанд. Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 1-уми март баргузор мешавад.

Имрӯз дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Комиссия Бахтиёр Худоёрзода дар бораи ташкили 39 ҳавзаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар қарор қабул шуд.

Қитъаҳо дар 30 кишвари дунё боз мешаванд, ки Тоҷикистон дар онҳо сафоратхона дошта, 9 консулгарии ҷумҳурӣ амал мекунанд.

Овозҳои интихобкунандагони тоҷикистонии муқими хориҷи кишвар ба протоколи ҷамъбастии ҳавзаи якмандатии интихоботи №3-и ноҳияи Шоҳмансур илова карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.