Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Чумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд.

Тавре дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, то ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расида, дар байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Олмон ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон аз ҳама зиёд санади муштаракро имзо намудааст.

“Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки самтҳои асосии ҳамкориҳои баӣни кишварҳо ин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои олмонӣ, истеҳсол ва фурӯши сангҳои ороишии сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, татбиқи техника ва технологияҳои муосир мебошанд”, - омадааст дар хабар.

Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки яке аз лоиҳаҳои муҳим, ки дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Олмон амалӣ мешавад, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ВМК мебошад.

Ҷонибҳо қайд карданд, ки моҳи августи соли гузашта Тоҷикистону Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ ба маблағи 27 млн. евро созишнома ба имзо расониданд, ки як қисмате аз он ба сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” равона мешавад.

Дар вохӯрӣ ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, зикр гардид, ки моҳи майи соли 2016 парлумони Тоҷикистон бо парлумони Олмон гурӯҳи дӯстӣ таъсис додааст.

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз сафир дархост намуд, ки масъалаи афзоиши шумори ҷавонони тоҷикро барои таҳсил дар мактабҳои олии Олмон мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.