Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайати нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар интихоботи парлумонии Озарбойҷон, ки рӯзи 9-уми феврал доир мегардад, дохил шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Баҳром Абдуалимов дар ҳайати нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҷараёни интихоботи парлумонии Озарбойҷонро назорат (мониторинг) мекунад.

Парлумони даъвати V Озарбойҷон 2-юми декабри соли гузашта эълон дошт, ки ихтиёрӣ пароканда мешавад ва намояндагони он ба президенти кишвар Илҳом Алиев бо дархости таъини интихоботи ғайринавбатӣ муроҷиат карданд.

Аксари намояндагони мардумӣ идомаи фаъолияти вакилиро дар шароити мавҷуда ғайримкон донистанд. То ин қарор интихобот бояд моҳи ноябри соли 2020 баргузор мешуд.

Президенти Озарбойҷон ба Суди конститутсионӣ ҷиҳати баррасии мутобиқати қарори вакилони парлумон ба қонунгузорӣ дархост фиристод. Рӯзи 5-уми декабр мақомоти давлатӣ қонунӣ будани онро тасдиқ кард. Пас аз ин Илҳом Алиев интихоботи парлумониро ба рӯзи 9-уми феврал таъин кард.

Парлумони Озарбойҷон аз 125 нафар вакилон иборат буда, аксари курсиҳои вакилӣ ба ҳизби ҳокими “Озарбойҷони нав” мансуб мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.