Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози гуфтугӯ Эмомалӣ Раҳмон аз номи мардум ва ҳукумати Тоҷикистон ба президенти Русия барои дастгирӣ ва кумаки башардӯстона, аз ҷумла, бо воситаҳои тестӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ дар даврони барои ҳама душвор арзи сипос кард.

Ба ин муносибат раисҷумҳури Тоҷикистон аҳаммияти амалҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати расонидани мусоидати фаврӣ ба якдигар таъкид карда, иброз дошт, ки “дар ин рӯзҳои вазнин мо бояд чун пештара ҳамдигарро дастгирӣ намоем”.

Зимнан ҷонибҳо атрофи вазъи дар пасманзари хатари паҳншавии фаромарзии пандемияи коронавирус дар ҳар ду кишвар баамаломада мубодилаи иттилоъ карданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба талошҳои саривақтии роҳбарият ва ҳукумати Русия дар пешгирии паҳншавии вируси сироятии хатарнок баҳои баланд дод. Ӯ матонати табибони Русия, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза бо пандемия дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он қарор доранд, ҳамчунин чораҳои дар кишвар ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андешидаро бахусус қайд кард. Изҳори итминон шуд, ки Русия бо такя ба иқтидорҳои худ ин санҷиши ҷиддиро паси сар хоҳад кард.

Дар рафти суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории ҳамкории дуҷониба ва ҳалталаби шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд.

Русия имрӯзҳо шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад.

Вобаста ба ин раисҷумҳури Тоҷикистон ҷараёни рушди боустувори ҳаҷми мубодилаи молро миёни ду кишвар дар соли гузаштаву семоҳаи соли ҷорӣ ва зарурати дар оянда низ нигоҳ доштани ин раванди мусбатро ба таври хосса таъкид кард.

Ҳамчунин, ба муҳиммияти идомаи ҳамоҳангии талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар чорчӯбаи ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ишора карда шуд.

Зимни муҳокимаи масоили мубрами соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ҷониби Русияро ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои тамдиди муҳлати будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвар ба таври мусбат арзёбӣ кард.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ аҳаммияти калидии таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ таъкид гардид.

Дар ин зимн ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои низомиву техникӣ ва ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон, инчунин идомаи шарикии самарабахш дар чорчӯбаи созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.