Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода рӯзи 21 май дар вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, ширкат варзид.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, намояндагони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии бемории сироятии коронавирусро (COVID-19) муҳокима карда, ба ҷанбаҳои мусоидати мутақобила дар рафъи оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамагирии ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хос равона гардид.

Гуфта мешавад, тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.

Дар кори видеоконфронс муовини вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок карданд.

То 22 май дар Тоҷикистон 2350 нафар аз COVID-19 сироят ёфта, 44 нафар фавтиданд. Дар Русия 317,5 ҳазор ҳолати сироят ва беш аз 3 ҳазор фавтидагон, дар Ӯзбекистон - наздики 3 ҳазор сироятёфтаву 13 фавтида, Қирғизистон - 1313 сироят ва 14 каси фавтида, Қазоқистон - зиёда аз 7 ҳазор беморону 35 нафари фавтида сабт шудааст.

Нишондиҳандаи шифоёфтагон дар ин кишварҳо тариқи зайл аст: Тоҷикистон - 1008 нафар, Русия - беш аз 92 ҳазор, Ӯзбекистон - 2407 нафар, Қирғизистон - 923 кас ва Қазоқистон - 3843 нафар.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар Туркманистон то ҳол ҳолати сироят аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.