Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 18 июн дар видеоконфронси байналмилалии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» бо иштироки роҳбарияти СММ, Барномаи рушди СММ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ширкат варзид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, вазирон тақвияти иттифоқи назар бо кишварҳои шарики ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», мусоидат ва робитаи мутақобил дар барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои ширкаткунандаи «Камарбанд ва роҳ» баъди ҳамагирӣ, инчунин дастгирӣ ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ»-ро баррасӣ намуданд. 

Гуфта мешавад, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суханронии худ дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ»: муборизаи муштарак бо ҳамагирии Ковид-19» қайд намуд, ки дар айни замон моро зарур аст, то баҳри пешгирии муштараки паҳншавии баъдии коронавирус ва барқарорсозии рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишварҳоямон чораҳои амалии муштарак андешем.

Сироҷиддин Муҳриддин
Сурат: ВКХ ҶТ

Дар ин робита, ба ҳукумати Чин, инчунин кишварҳои дигар, муассисаҳои СММ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои дастгирӣ ва кумакҳои саривақтӣ дар мубориза бо ҳамагирии коронавируси нав дар кишвари мо изҳори сипос гардид.

Дар интиҳои чорабинӣ санади ниҳоии видеоконфронси байналмилалии вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» қабул гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.