Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, “тағйироти конститутсионӣ ба нафъи тамоми шаҳрвандони  Русия аст”.

Имрӯз  суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ибтидои суҳбат Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Русия сидқан табрик намуд.

“Нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон  дар он боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки  роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ  дар Русия пеша кардааст”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон, тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар  такони тоза бахшида, ҳатман  ба нафъи тамоми шаҳрвандони  Русия хизмат хоҳанд кард. Дар ин зимн президенти Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Русия сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу кард.

Гуфта мешавад, сарони кишварҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Бино ба маълумоти ахири ВАО-и Русия, иштироки шаҳрвандон дар овоздиҳии умумирусиягӣ оид ба тағйирот ба Конститутсияи ин кишвар 67,97%-ро ташкил дода, 77,92% тағйиротро ҷонибдорӣ ва 21,27% мухолифи онҳо овоз додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.