Вазорати корҳои хориҷии  Қирғизистон рӯзи 11 август намояндаи сафорати Беларусро дар Бишкек эҳзор кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маркази матбуотии ВКХ, ҷониби Қирғизистон дар ин мулоқот аз намояндаи Беларус талаб кард, дар мазҳари ом ҳозир шудани сарвазири пешини Қирғизистон Дониёр Усеновро шарҳ диҳад, ки дар пайгард қарор дорад. Сарвазири пешини Қирғизистон аз сӯи додгоҳи ин кишвар барои содир кардани ҷиноят дар ғайбаш маҳкум ба зиндон шудааст.

"Таваҷҷуҳи дипломати беларус ба он ҷалб шуд, ки чунин иқдомҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба зарба мезананд. ВКХ Қирғизистон нотаи эътирозиро ба ҷониби Беларус таслим ва аз намояндаи ин кишвар талаб кард, ки барои боздошт ва истирдоди сарвазири пешин чораҷӯӣ кунанд", - омадааст дар хабари ВКХ.

Александр Лукашенко, президенти амалкунандаи Беларус рӯзи 10 август ба корхонае рафт, ки ӯро марди монанда ба Дониёр Усенов, сарвазири пешини фирории Қирғизистон ҳамроҳӣ мекард. Усенов баъд аз инқилоби соли 2010 Қирғизистонро тарк кард. Пештар хабар расида буд, ки вай бо ивази ному насаб шаҳрвандии Беларусро дарёфт ва дар он кишвар зиндагӣ ихтиёр кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.