Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳафтаи оянда бо ҳамтоҳои худ аз ИДМ мулоқот мекунад. Ӯ рӯзи 6 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои Иттиҳод тариқи онлайн иштирок мекунад.

Сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳод бинобар сабаби вазъи мушкили эпидемиологӣ бори нахуст дар чунин шакл вомехӯранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи якуми стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030 баррасӣ мешавад.

Дар ҷаласа инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи аввал (солҳои 2021-2025)-и стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои узви ИДМ барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки қаблан баргузории ҷаласа дар Тошканд пешбинӣ гардида буд, зеро раёсати Итиҳодро соли ҷорӣ Ӯзбекистон бар дӯш дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.