Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода 9 ноябр бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ мулоқот кард.

Тавре ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла ташвиқи сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳамсуҳбатон ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ баҳри тавсеаи баъдии муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар иброз карданд.

Аз дигар ҷузъиёти дидору гуфтушунид хабар дода нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни сафари президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Душанбе 18 сентябр байни Тоҷикистону Эрон 8 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Аз рӯи натоиҷи дидору гуфтушунидҳо доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, тиҷорату коммуникатсия, энергетикаву саноат, фарҳангу маориф ва илму амният изҳори омодагӣ шуд.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Барои афзоиши савдои дуҷониба байни давлатҳо пешниҳод шуд, ки Барномаи дарозмуҳлати ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Эрон таҳия ва қабул шуда, Палатаи муштараки савдо ва саноат, инчунин Шӯрои муштарак оид ба сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.