Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 15 декабр Шартнома байни Тоҷикистон ва Маҷористон дар бораи супоридани маҳкумшудагон ва Шартномаи истирдод байни Тоҷикистон ва Маҷористонро тасдиқ намуд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ.

Созишнома дар бораи истирдодро 7 апрел дар Душанбе прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва вазири умури хориҷӣ ва савдои Маҷористон (Венгрия) Петер Сийярто имзо карда буданд.

Мувофиқи ин санад, Душанбе ва Будапешт шаҳрвандони ҳар ду кишварро, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаву мавриди пайгард эълон шудаанд, инчунин шаҳрвнадонеро, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ва Маҷористон адои ҷазо мекунанд, ба ихтиёри ҳамдигар месупоранд.

Тибқи асноди дар сомонаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ нашршуда, Тоҷикистон бо Украина, Эрон, Афғонистон, Чин ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ чунин созишнома дорад.

Дар ҳамин ҳол, инчунин Конвенсияи кишварҳои аъзои ИДМ «Дар бораи бозпас додани ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо” дар кишвари худ амал мекунад, ки ба он дар баробари Тоҷикистон Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина шомиланд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.