Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) тобистон дар ҳамоишҳои Сочи гирдиҳам меоянд, хабар дод сарвазири Русия Михаил Мишустин рӯзи панҷшанбе зимни суханронӣ дар конфронси Душанбе, хабар медиҳад ТАСС.
“Аввали моҳи июн шуморо дар Сочи интизор мешавем. Дар он ҷо ҷаласаи Шӯрои сарвазирони кишварҳои узви ИДМ, Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё, намоишгоҳи байнулмилалии лоиҳаҳои ҳамкорӣ, Конгресси АвруОсиё ва ҳамоиши ҷавонони ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад”, - муроҷиат намуд ӯ ба намояндагони ҳукумат ва тиҷорати Тоҷикистон.
Сарвазири Русия бар ин назар аст, ки ин имкони хуби табодули таҷрибаву изҳори назар доир ба дарёфти роҳу воситаҳои рушди кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар шароити муосир мебошад.
Ҳамчунин сарвазири Русия аз намояндагони ҳукумат ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон даъват кард, ки ба Русия оянд.
“Бо истифода аз фурсати қулай раҳбарияти Тоҷикистон ва намояндагони доираҳои тиҷоратиро ба Русия даъват мекунам. Дар кишвари мо баргузории як қатор чорабиниҳои бузурги байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои шумо муфид хоҳад буд”, - гуфтааст Мишустин.
Ӯ илова намудааст, ки моҳи май дар Қазон таҳти унвони “Русия - ҷаҳон ислом” ҳамоиш доир мегардад, ки ба “густариши робитаҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва индустрияи технологияҳои баланд” мусоидат мекунад.
Михаил Мишустин рӯзи 2 март дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Сафари ӯ ба Тоҷикистон имрӯз идома меёбад.
Қобили зикр аст, ки зодрӯзи имсолаи сарвазири Русия ба рӯзҳои сафараш ба Тоҷикистон рост омада, имрӯз ӯ 57-сола мешавад, менависад ТАСС. Ин ҷашнро ӯ имрӯз дар ҷумҳурии мо таҷлил мекунад.
Ин бори аввал нест, ки Мишустин зодрӯзашро дар ҷойи корӣ ҷашн мегирад. Ду сол пеш дар ин рӯз ӯ дар сафари хидматӣ дар Сибир қарор дошт. Ҷашни 55-солагиашро рӯзи 3 март дар Ҷумҳурии Олтой таҷлил карда буд.