Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи ивази номи як қатор кӯчаҳои пойтахт қарор қабул кард. Яке аз кӯчаҳои пойтахт ба исми собиқ роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ва собиқ вакили палатаи поёнии парлумон Суҳроб Шарипов номгузорӣ шуд.

Дар маҷмӯъ 16 кӯчаи пойтахт табдили ном карданд. Ҳамин тариқ, акнун собиқ кӯчаи Советская - ба номи доктори улуми филологӣ Аълохон Афсаҳзод, кӯчаи Юлиус Фучик - ба номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалӣ, кӯчаи Шаумян - ба номи Суҳроб Шарипов, кӯчаи Александр Матросов-  ба номи собиқ корманди КДАМ ҶТ Рустам Амакӣ (моҳи сентябри соли 2015 дар амалиёти нобудсозии гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ҳалок шуд) гузошта шуд.

Номҳои кӯчаҳои Алексей Толстой ба Яккабоғ, Студенческая - ба Шукуфон, Воровский – ба Шифо, 40-солагии Октябр – ба Фурӯзон, Добролюбов - ба Садоқат, Шестопалов – ба Дилкушо, Гончаров – ба Гулрез, Павлова – ба Гулдаст, Гастелло – ба Гузарбоғ, Сергей Лазо – ба Бодомзор, Бабушкин – ба Бахтобод ва кӯчаи Комсомол – ба Арғувон иваз карда шуданд.