Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 29 март ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Ҷамъият асосан ба парвариши пахта машғул буда, дар он заминҳои корами он ғалладонагӣ ва сабзавот низ кишт карда мешавад. Ҳамчунин ҷамъияти мазкур дар масоҳати 603,55 гектар замин боғ бунёд намудааст, ки  феълан нашъунамои хуб дорад.

Тавре дар ҷараёни боздид аз намоишгоҳ иттилоъ доданд,  Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 2245 саҳмдор дошта, айни замон дар ихтиёри худ 17217, 54 гектар замин дорад ва дар он 659 нафар шаҳрвандони кишвар ба таври доимӣ кору фаъолият мекунанд. Ҳамчунин ҷамъият ба зотпарварии  чорвои калони шохдор машғул буда, айни замон  саршумори чорвои он ба 550 адад мерасад.

1/9

Дар ин рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бригадаи рақами 7-и ҷамъияти мазкур ба кишти пахта бо усули зерипардагӣ оғоз бахшид.

Тавре маълум шуд, имсол танҳо дар ҳамин бригада дар масоҳати 75 гектар замин кишти пахта гузаронида мешавад, ки аз ин 46 гектари онро кишти пахтаи зерипардагӣ дар бар хоҳад гирифт.

Ба иттилои масъулин, кишти пахта бо усули зерипардагӣ имконият медиҳад, ки пахта қабл аз муҳлати муқаррарӣ барои чидан омода гашта, ҳамзамон аз лиҳози ҳосилнокӣ низ бартарияти зиёд дорад. Ҳамчунин ин усул ба сарфакорона истифода бурдани замин низ мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин рӯзи 29 март Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо корҳои ободонию созандагӣ дар Осоишгоҳи “Баҳористон” шинос шуда, ду иншоот - меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ кард.

1/21

Масоҳати умумии меҳмонхона 2446 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки ин бинои наву хуштарҳ дар муддати қариб 4 моҳ бо сарфи беш аз 6 миллион сомонӣ маблағҳои даромади софи осоишгоҳ бунёд шудааст, ки баробари ба истифода доданаш дар он 30 нафар бо кор таъмин гардиданд.

Тавре роҳбарияти Осоишгоҳи “Баҳористон” иттилоъ доданд, соли 2017 ҳамагӣ 750 нафар сайёҳи хориҷӣ меҳмони осоишгоҳ шуда буд, акнун танҳо дар се моҳи соли 2018 беш аз 2500 нафар мизоҷ барои истироҳату табобат ин ҷойро интихоб кардаанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити қабули мизоҷон дар меҳмонхонаи якум дар роҳ ба суи иншооти дуюм Сарвари давлат Раҳмон бо як гуруҳ истироҳаткунандагон - шаҳрвандони Қазоқистон суҳбати самимии сарирроҳӣ доир кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.