Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафар ба Ӯзбекистон аз шаҳри Самарқанд боздид кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, сафари Шукурҷон Зуҳуров ба Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи аввалин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов оғоз гардид.

Ба ҷуз ин, Зуҳуров ва ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз оромгоҳи  Ал-Бухорӣ, масҷиди «Ҳазрати Хизр», расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек ва майдони “Регистон” боздид карданд.

Бо ҳамин сафари ҳайати палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба Ӯзбекистон анҷом пазируфт.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи сафар ба Ӯзбекистон Шукурҷон Зуҳуров бо раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ва дигар шахсони воломақоми давлати ҳамсоя дидору гуфтугӯ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.