Собиқ раисони ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёзода ва ноҳияи Қубодиён - Зафар Файзуллозода, ки 13-уми январ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Ҳизби халқии демкратии Тоҷикистон (ҲХДТ) хабар доданд, қарорҳо дар бораи пешбарии онҳо ба вакилии парлумон дар конфронсҳои ташкилотҳои ноҳиявии ин ҳизб қабул шудааст.

Имрӯз, 15-уми январ дар Тоҷикистон ҷараёни пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ, ки 1-уми январ оғоз гардида буд, ба итмом мерасад.

Дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи интихоботӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳар кадоми онҳо як вакил ба палатаи поёнии парлумон интихоб мешавад.

Бақайдгирии расмии номзадҳо аз 16-уми январ шурӯъ мешавад.

Маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ 1-уми марти соли 2020 баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.