Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ як қатор тағйироти кадрӣ ба амал овард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар доданд.

Бар асоси фармони вазири корҳои дохилӣ, Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, ки бо номи Шоҳ Искандар маъруф аст, яке аз собиқ фармондеҳони мухолифин, сардори ШВКД-и шаҳри Бӯстон (Чкловски пешина) таъин шуд.

Тавре сардори маркази матбуоти ВКД Нусратулло Маҳмадзода хабар дод, собиқ муовини сардори Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД – генерал-майор Нурулло Орифов сардори ШВКД-и шаҳри Исфара таъин шуд.

Ғайр аз ин, Қудратулло Назарзода аз вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Сугд озод карда шуда, ба ҷойи ӯ генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов ба ин вазифа таъин шуд.

Назарзода намояндаи ваколатдори ВКД ҶТ дар назди Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсози Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, психотропӣ ва прекурсорҳо таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.