Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва боздид аз ҳолати истифодабарии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст бо фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳия ва имкониятҳои ин муассисаи тиббӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ шинос шуд.

Дар ноҳия то имрӯз 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, ҳамаи онҳо бо шароитҳои мусоиди корӣ таъминанд ва мутахассисони хуби соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити беморхонаи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Пешвои миллат бо табибони ноҳия вохӯрии судманд анҷом дод. Таъкид шуд, ки табибон бояд ҷиҳати муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хуруҷи он тамоми чораҳоро амалӣ намоянд ва муолиҷаи онро бо назардошти талаботи бехатарӣ роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона Сарвари давлат ба табибон изҳори миннатдорӣ намуд.

1/14

Сипас Президенти мамлакат бо нашъунамои зироатҳои кишоварзии Хоҷагии деҳқонии “Одили Ҷалолиддин” ва боғи “Абдураҳмони Ҷомӣ” шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии “Одили Ҷалолиддин” аз соли 2011 таъсис ёфта, майдони умумии онро 6 гектар замини корами обӣ ташкил медиҳад. Айни замон саҳмдорон дар майдони 1 гектар полезӣ, 2 гектар пиёз, 1 гектар пахта ва 2 гектар маккаи дон кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Пешвои миллат таъкид дошт, ки кишоварзону саҳмдорон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулияти зиёдтар дошта бошанд ва барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми бештар гузоранд.

1/14

Ҳмчунин дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон аз шафтолубоғи Хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” дидан кард. Боғи мазкур ҳанӯз соли 2011 аз ҷониби деҳқони асил Мақсуд Маҳмудов таъсис ёфта, майдони умумии онро 1,5 гектар шафтолубоғи навъҳои “Лола” ва “Саидаҳмадӣ” ташкил медиҳад. Аз як дарахт ҳар сол ба ҳисоби миёна аз 40 то 50 килограмм ҳосил ба даст оварда мешавад.

Саҳмдорони хоҷагӣ ваъда доданд, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхории зиёди Сарвари давлат нисбат ба марди деҳқон, талош хоҳанд кард, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.