Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пагоҳ, 1 октябр дар кори иҷлосияи нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон хабар дод, дар ин иҷлосия вакилони мардумӣ тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонунҳо “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва “Дар бораи маориф”-ро баррасӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки пандемияи коронавирус парлумони Тоҷикистонро низ канор нагузошт. Ҳанӯз аввали моҳи май вакили парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода аз коронавирус сироят гирифта, худро муолиҷа кард. Раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода низ бемории илтиҳоби шуш (пневмони)-и дуҷонибаро паси сар кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.