Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 7 январ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дарахт шинониданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маъракаи ниҳолшинонӣ Пешвои миллат ва раиси шаҳри Душанбе ниҳоли дарахтони сӯзанбарги кабуд шинониданд, ки аз Италия ворид гардидааст. Аз масоҳати умумии 30 гектари Майдони Истиқлол 11 ҳазор метри мураббаъи он аз руи нақша сабзкорӣ карда мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти 10 июли соли 2020 оғоз гардида буданд. Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад ва он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт воқеъ аст.

1/14

Иншоот аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳо ва ғайра иборат мебошад.

Баландии рамзи Истиқлол, ки дар маркази майдон ҷойгир мешавад 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоиаш 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.

Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” муҳташамтарин иншооти асосии ҷашнӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи нақша соли 2021 мавриди истифода қарор дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.