Пешниҳоди як гурӯҳи вакилони парлумони Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи ҷумҳурӣ дар мавриди масоили дахлнопазирӣ (масъуният)-и ҷинсӣ то ҳол бе посух боқӣ мемонад.

Ин пешниҳодҳо ҳанӯз се моҳ пеш - моҳи марти соли ҷорӣ ироа шуда, лекин ҳукумат алҳол хомӯширо ихтиёр кардааст.

“То имрӯз доир ба ин масъала ҳукумат на ризоят ва мухолиф буданашро баён кардааст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар.

Ёдрас мекунем, ки ин тағйирот ба афроде дахл доранд, ки барои ҷиноятҳо алайҳи озодӣ ва дахлнопазирии  ҷинсӣ нисбат ба кӯдакони синни то 16-сола ва ҳамчунин ба афроди машғул ба ташкилу нигаҳдории фоҳишахонаҳо ё даллагӣ бо мақсади тамаъҷӯйӣ аз ин амал, дахл доранд.

Вакилони парлумон, ки ворид намудани тағйиротро ба Кодекси оила пешниҳод намуданд, бар ин назаранд, ки чунин шахсон бояд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд.

Аз лиҳози ҳуқуқӣ, парлумони Тоҷикистон бидуни таъйиди ҳукумат ҳама гуна қонун ё тағйирот ба онҳоро қабул карда метавонад, вале дар таҷрибаи кори парлумони Тоҷикистон ин гуна ҳолат то кунун собиқа надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.