Субҳи рӯзи 13 ноябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарвари давлат нахуст дар маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои ҶДММ “Анко-Инвест” иштирок кард.

Корхона дар шаҳраки Ғафуров аз тарафи соҳибкори ватанӣ Илҳом Рабиев сохта шуда, масоҳати умумии он 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз хатҳои истеҳсолӣ, анбори нигоҳдории ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Дар корхона барои чорвои калону майда, паранда, аз қабили мурғу бедона ва моҳӣ хӯроки омехта истеҳсол карда мешавад.

Иқтидори корхона дар як сол 175 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Хӯроки омехта вобаста ба ҳолат ва намуди чорвою парранда дар 12 баста бо тамғаи “Фаровон TЕZZ корм” истеҳсол мегардад.

Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои ширкати “Хубҷамъ-Инвест” дидан карда, бо нақшаҳои ояндаи масъулон шинос шуд. Дар намоишгоҳ номгӯи гуногуни орд ва маҳсулоти аз он тайёршаванда, равғани пахта ва офтобпараст, ҳамаи намуди хӯроки омехтаи чорво ва паранда, тухми паранда, инчунин маҳсулоти металлӣ ва сендвич панелҳо, ки дар корхонаҳои ширкат истеҳсол карда мешаванд, пешниҳод карда шуд.

1/8

Сипас президент ба фаъолияти фабрикаи парандапарварӣ, ки аз тарафи соҳибкор Шуҳрат Нурматов бунёд карда шудааст, ҳусни оғоз бахшид.

Корхона дар масоҳати 2200 метри мураббаъ бунёд гардида, аз панҷ парваришгоҳ бо ғунҷоиши умумии 40 ҳазор сар паранда иборат мебошад. Ҳоло дар парваришгоҳҳо 18 ҳазор чуҷаи аз 10 то 12 рӯза нигоҳ дошта мешавад.

Маҳсулоти корхона бо тамғаи “Авҷпар” дар бозори дохилӣ пешниҳоди харидорон карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи парандапарварӣ дар як сол ба 600 тонна гушт баробар аст.

1/3

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи корхонаи коркарди шишаи сохтмонии ҶДММ “Шишасохтмон” иштирок кард.

Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шуҳрат Нурматов бунёд шудааст. Самти фаъолияти корхона ба коркарди шиша, яъне буридан, обу тобдиҳӣ, суфтакунӣ, мустаҳкамкунӣ, сурохкунӣ ва истеҳсоли оина равона шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхонаӣ дар як сол коркарди 40 ҳазор метри мураббаъ шишаро ташкил медиҳад.

1/4

Дар идома бо ҳузури президент дар деҳоти Ҳайдар Усмонов бинои маркази хизматрасонии “Шоҳ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кул мулоқот кард.

1/6

Сипас сарвари давлат аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” боздид намуда, сардхонаи наву замонавир бо ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баҳрбардорӣ қарор дод.

Дар сардхонаи нав коргарони Боғи бо мақсади таъмини бозори дохилӣ дар фаслҳои зимистону баҳор бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ сабзӣ, картошка, лаблабуи сурх, анор, ангур, хурмо, олу ва себ захира намудаанд.

Дар оянда иқтидори сардхонаҳои Боғи миллии “Ваҳдат” ба 4 ҳазор тонна расонида шуда, бунёди коргоҳҳои замонавии коркарди меваву истеҳсоли консерва низ дар назар аст.

Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2008 таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 631 гектарро ташкил медиҳад.

1/7

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон обанбори шабакаи оби нӯшокиро бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб барои таъмини беш аз 5 ҳазор нафар аҳолии шаҳр мавриди истифода қарор дод.

Сохтмони иншооти оби нӯшокӣ марҳилаи навбатии татбиқи созишномаи сеҷонибаи КВД “Хоҷагии манзилию комуналии ҶТ”, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва “Лоиҳаи барқарорсозии шабакаҳои  обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон” маҳсуб меёбад, ки бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ ба маблағи 18 млн 964 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ шудааст.

Аз маблағи умумии лоиҳа 2 млн 885 ҳазор доллар ба  барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстон равона гардидааст.

1/3

Иншооти оби нушокӣ таъмини оби босифатро ба аҳолии маҳаллаи “Наврӯз” дар 20 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ, 500 қитъаҳои нави наздиҳавлигӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва кору хизматрасонии ин ҳудуди шаҳри Бӯстонро беҳтар менамояд.

Татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои “Шимоли Тоҷикистон” аз моҳи  марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғдро дар бар мегирад. То имрӯз дар асоси ин лоиҳа  дар шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол, Исфара, Конибодом ва ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров  ҳаҷми  асосии корҳо иҷро ва ба беҳтар гардидани таъмини оби нӯшокии тоза мусоидат намудааст.

Ҳамчунин дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бинои марказ нуқтаи бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои осебшиносӣ, доругузаронӣ, ҷарроҳӣ, хатна, табобати дандон, духтури занона ва ҳуҷраҳои табибони оилавӣ ҷойгир шудааст.

Ба иттилои масъулон, то ин дам дар ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов дастгоҳи рентгении рақамӣ мавҷуд набуд ва сокинон барои тахшиси рентгенӣ ва осебшиносӣ ба маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд мерафтанд.

1/5

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи замонавии ҶДММ “ММК Агро”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Гармхонаи замонавии инноватсионӣ аз рӯйи стандарти “Евро 6”, ки ҳоло муосиртарин насли гармхонаҳо ба ҳисоб меравад, бунёд гардида, дар он маҳсулоти кишоварзӣ бо сифати баланд парвариш карда мешавад.

Гармхона дар масоҳати 5 гектар замин бунёд гардида, айни замон он асосан парвариши помидори навъҳои швейтсарӣ, туркӣ ва фаронсавӣ роҳандозӣ шудааст ва барои гирифтани ҳосили хуб ин намудҳо мувофиқ мебошанд.

Дар ҳамин ҷо президенти ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти гармхонаҳо дидан намуда, ба хоҷагидорон барои густариши фаъолият дастуру маслиҳатҳо дод.

1/11

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров президент инчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд зиёда аз 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ ба парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулот машғуланд.

Ҳамзамон дар ин намоишгоҳ маҳсулоти хоҷагии ҷангал, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва коргоҳҳои банду басти меваи хушк муаррифӣ карда шуд.

1/12

Ёдрас мекунем, ки сафари кории сарвари давлат ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд то 16 ноябр идома меёбад.

Суратҳо аз хадамоти маттбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.