Боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва гармшавии обуҳаво рӯзҳои охир хавфи тармафароӣ ва сангрезаро дар роҳҳо зиёд мекунад.

Бино ба гуфтаи сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ, аз ин рӯ, дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Тоҷикобод, Душанбе-Айнӣ ва Хоруғ-Ишкошим вазъ душвор боқӣ мемонад.

“Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа ва Шуғнону Ишкошими ВМКБ, ҳамчунин ноҳияҳои Тоҷикобод ва Варзоб 76 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд”, - хабар дод номбурда.

Барои тозакунии роҳҳо аз ҷониби хадамоти дахлдори Вазорати нақлиёт ва ширкати IRS техникаи махсус сафарбар шуда, ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ машғул аст.

Баҳри таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ва кумаки саривақтӣ ба онҳо дар ҳолатҳои ғайримунтазира, қитъаҳои гуногуни роҳҳои пурхатар мунтазам таҳти назорати гурӯҳҳои наҷотдиҳандагони зудамали Кумита қарор доранд.

Дар ин робита, Кумита ҳолатҳои фавқулода боисрор аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар дархост мекунад, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар тариқи роҳҳои пурхатар дар минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё рух додани кадом як ҳодисаи ногувор дар роҳҳои автомобилгард, шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерини навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намоянд: :  93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.