Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи моҳи августи соли гузашта баимзорасида байни Тошканду Душанберо дар бораи ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ якдилона тасдиқ намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода изҳор дошт, ки дар доираи амалисозии ин созишнома ду кишвари ҳамсоя метавонанд истеҳсоли муштараки техника ва муҳимоти ҳарбиро ба роҳ монанд.

Ғайр аз ин, дар созишнома таъмиру таҷдиди муштараки техника ва муҳимоти ҳарбӣ, сафари дуҷонибаи ҳайатҳои низомӣ барои табодули таҷриба ва маълумот низ дар назар дошта шудааст.

Дар робита ба масъалаи аз минаҳо поккорӣ кардани сарҳади кишварҳо Собирзода қайд кард, ки ин кор аз ҷониби Ӯзбекистон иҷро мешавад.

“Кумаки моро дар ин масъала онҳо рад карданд, зеро поккории минаҳо танҳо дар қаламрави кишвари ҳамсоя гузаронида мешавад”, - гуфт генерал-лейтенант.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” Эмомалӣ Собирзода зикр кард, ки имрӯз дар масъалаи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи кишварҳо ҳеҷ мушкилие ҷой надорад.

“Бо ҳамтоёни ӯзбеки худ доимо дар робитаем. Ояндаи наздик машқҳои муштараки низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баргузор менамоем”, - илова кард Собирзода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.