Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 26 май обуҳаво дар кишвар номусоид боқӣ монда, боронҳои селу жола, раъду барқ ва дар минтақаи кӯҳистон шамоли сахту ва фаромадани чангу ғубор дар назар аст.

Боронҳои селосо меборанд, бахусус дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат хавфи омадани сел ва лағзиши тарма зиёд аст. Боришоти шадид дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо сабагори нармии хоки теппаҳо мешавад ва эҳтимолияти ҳаракати онҳо вуҷуд дорад, сатҳи оби рӯдхонаҳо, ҷӯйҳо ва каналҳову обанборҳо боло меравад, қайд мешавад дар хабари Кумита.

Пайваставу пуршиддат боридани борон метавонад ба лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг сабаб шавад. Ҳавои номусоид метавонад ба чаронидани чорво дар даштҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкил эҷод кунад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинони мамлакат ва меҳмонон хоҳиш  мекунад дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.

Зикр мегардад, ки ба кӯдакон бештар мебояд таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро ҳаргиз беназорат гузоштан лозим нест. Бахусус, ба онҳо иҷоза додан лозим нест, ки бе раҳнамоии калонсолон ба кӯҳу пушта раванд.

Кумита ҳамчунин ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо хғдро аз наздикии обанбору кӯлҳо ва дарёҳо дур гирифта, аз моҳидорӣ низ худдорӣ варзанд.

Бо мақсади таъмини амнияту бехатарӣ КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҷӯйбору каналҳоро ҳамеша аз хасу харӯбаҳо пок нигоҳ доранд, то садди роҳи оби гузар нашаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.