Аз ин ба баъд дар ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва афроди дар пайгарди қонун, камераҳои симошинос ба мақомоти тафтишотӣ ва қудратӣ, кӯмак хоҳанд кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар нуқтаҳои серодами Душанбе дар баробари камераҳои назоратӣ, дурбинҳои "шинохти чеҳра", насб мешавад. Ин камераҳо ба фарқ аз дурбинҳои қаблӣ, имкон доранд симои шахсеро, ки мақомот ҷустуҷӯ мекунанд, шиносоӣ намуда ба шахсони масъул хабар диҳад.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар навбати аввал насби чунин камераҳо дар пойтахт пешбинӣ шудааст. Фурқат Шоимардонов, муовини маркази "Шаҳри бехатар" гуфтааст, ин камераҳо рӯзҳои наздик дар маҳалҳои сериздиҳом, аз ҷумла фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан, марказҳои савдою бозорҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ, насб мешавад.

Шоимардонов қайд кардааст, ки ин дурбинҳо дар ҳолати 25 дарсад шинохти чеҳраи одаме, ки ба афроди гумонбар шабоҳат дорад, ба маркази "Шаҳри бехатар" хабар медиҳад. "Дар махзани барномаи ин камераҳо, акси афроди дар ҷустуҷӯбуда ворид карда мешавад. Дар ҳолати шинохти қиёфаи онҳо аз тариқи ин камераҳо, сигнали огоҳкунанда дода мешавад", - афзудааст ӯ.

Ҳадаф аз насби камераҳои нав, ки тавони ошкор кардани чеҳраи ҷинояткорро дорад ва истеҳсоли ширкати маъруфи "Huawei"-и Чин аст, ба осонӣ пайдо кардани афроди дар пайгард қарордошта будааст. Мақомоти тоҷик мехоҳанд бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар барои таъмини амният ва коҳиши ҷинояткорӣ аз ин роҳ кор бигиранд.