Аз 1 то 21 июни соли равон бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар обанбору наҳр ва дарёву кӯлҳои Тоҷикистон 40 нафар ғарқ ва ба ҳалокат расиданд (ҳамин давраи соли гузашта - 69 нафар), ки аз ин шумор 21 нафарашон кӯдакони синни то 17-сола мебошанд.

“Барои дарёфти ҷасадҳо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сафарбар шуданд. Ҳамаи ҷасадҳо дарёфту аз об берун оварда шуда, ба мақомоти дахлдор супурда шуданд, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумита Умеда Юсуфӣ. - Дар ҷараёни назорату мушоҳидаи соҳилҳо аз 1 июн то имрӯз кормандони Кумита 12 нафарро аз гарқшавӣ наҷот доданд”.

Ӯ қайд кард, ки сабаби ғарқшавии кӯдакон оббозӣ дар минтақаи мамнуъ ба шиноварӣ, надоштани қобилияту малакаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони худро назди обанбору наҳр ва кӯлу дарёҳо беназорат мегузоранд.

Мавсими обообозӣ дар Тоҷикистон аз 1 июн оғоз гардид. Маъмурияти шиногоҳҳо тамоми минтақаҳои шиновариро бо асбобу лавозимоти бехатарии зарурӣ таъмин карда, ҳамчунин баҳри таъмини бехатрии истиоҳаткунандагон кормандони Кумита шиногоҳу соҳилҳоро зери назорат қарор додаанд.

Бо вуҷуди аз ҷониби Кумита чандин маротиба огоҳӣ додан ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар об ва оббозӣ накардан дар минтақаи мамнуъ ба шиноварӣ, одамон ҳаёти худро зери хатар гузошта, қоидаҳоро нодида мегиранд.

Кумита ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар манотиқи наздисоҳилӣ ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намуда, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.