Ҷамъомади ҳарбӣ дар Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ ва машқгоҳи Фахрободи вилояти Хатлон баргузор шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, назди иштирокчиёни ҷамъомад котиби Шӯрои амнияти кишвар Маҳмадалӣ Ватанзода ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо суханронӣ намудаанд.

Дар суханрониҳои худ онҳо қайд кардаанд, ки “дар шароити бесуботӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ва минтақа ҳар кадоме аз шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла аъзои ҳукумати Тоҷикистон бояд ба хубӣ бидонанд, ки дар ҳолати рух додани низоъ ва муқовиматҳои мусаллаҳона чӣ гуна рафтор намоянд”.

Дар доираи ҷамъомад дар қаламрави машқгоҳи таълимии Фахробод иштирокчиёни он бо силоҳу муҳимот ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиа аз наздик шинос шуда, аз таппончаву автоматҳо сӯи ҳадафҳо ба таври санҷишӣ тирпарронӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.