Ҳукумати Туркия истирдоди шаҳрвандони хориҷии ҷонибдори созмони террористии ба ном Давлати исломиро, ки дар Сурия боздошт шудаанд, ба нақша гирифтааст.

Тавре нашрияи туркии Hurriyet  хабар медиҳад, дар рӯйхати хориҷиёни зархарид 21 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳастанд.

Туркия ҳамагӣ 959 нафар ҷонибдорони эҳтимолии Давлати исломиро, ки дар Сурия боздошт шудаанд, истирдод карданист.

Аз ҷумла, дар байни онҳо 99 зодаи Русия, 82 нафар аз Ӯзбекистон, 21 нафар аз Тоҷикистон, 23 нафар аз Қирғизистон, 10 нафар аз Қазоқистон, 29 нафар аз Озарарбойҷон ва даҳҳо шаҳрванди кишварҳои аврупоӣ ҳастанд.

Қаблан вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу дар бораи аз рӯзи душанбе оғоз шудани истирдоди ҷангиёни ДОИШ ба кишварҳояшон хабар дода буд. Аввалин узви ДОИШ – зодаи ИМА, ки ба Юнон фиристода шуд, аз ҷониби ҳукумати ин кишвар қабул нашуд.

“Кӣ дар сарҳад мондааст, кадом кишвар ҷангиёни худро қабул карду кадомаш рад кард, мо ба ин кор надорем ва истирдоди онҳоро давом медиҳем”, - гуфт Сойлу ба рӯзноманигорон дар Анқара.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.