Бар асари гармшавии ҳаво рӯзҳои 29-31 январ дар ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ фаромадани тармаҳо дар назар аст.

Мувофиқи маълумоти обуҳавошиносон, ҳавои мисли баҳор гарм дар кишвар то охири ҳафта боқӣ мемонад: ҳарорат то 14 дараҷа гарм мешавад. То охири январ боришот пешбинӣ нашудааст. Аввали моҳи феврал ҳаво боз каме сард мешавад.

Аммо бо вуҷуди гармшавӣ, ҳушдор медиҳанд обуҳавошинсон, дар ағбаҳо яхбандӣ боқӣ монда, хавфи тармафароӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, боэҳтиёт бошед!

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз пеш бар асари фаромадани тарма як марди 45-солаи сокини ноҳияи Рашт ба ҳалокат расид. Ӯ каме дуртар аз зодгоҳаш зери тарма монд. Мард барои шикори кабк ба кӯҳ баромада буд. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, марди ҳалокшуда қурбонии дуюми соли равон аз тарма аст: аввали моҳи январ ҷавони 20-сола низ зери тарма ҳалок шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.