Коронавирус дар масоҳати 4 метр каси дигарро сироят карда метавонад. Дар ин бора сарэпидемиологи ғайриштатии Вазорати тандурустии Русия Николай Брико изҳори назар кардааст.

Бино ба маълумоти НТВ, ӯ гуфтааст, мутахассисони Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА доир ба ин масъала барои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таҳқиқот гузаронида, мувофиқ натиҷаи он муайян шудааст, ки вирус аз як шахс ба шахси дигар дар масофаи 4 метр гузашта метавонад.

Ба гуфтаи Николай Брико, коронавирус хусусиятҳои худро дар аэрозол аз ним соат то се соат ва дар ашёи гуногун – то чанд рӯз нигоҳ медорад.

Ғайр аз ин, ба қавли ӯ, ба афзоиши сироят аз коронавирус дар Русия эҳтимол ба таври оммавӣ риоя нашудани қоидаҳои худро ҷудо нигоҳ доштан ду ҳафта пеш боис шуданд. Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи аввали истироҳати эълоншуда бо сабаби коронавирус сокинони Маскав бо гурӯҳҳои сершумор ба боғҳо сихкабобхӯрӣ рафтанд.

Тибқи маълумоти охир, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар ҷаҳон ба нишондиҳандаи 2 млн нафар наздик шуда, теъдоди умумии фавтидагон қариб 120 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.