Давоми сол ҳудуди 50 нафар кӯдакони хурдсоли бесаробонмондаи Тоҷикистон аз Русия ба ватан оварда шуданд.

«Аз оғози сол бо мусоидати мақомоти салоҳиятдори Русия наздики 50 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Русия ба ватан фирситода шуданд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ва ҳамчунин зикр кард, ки то охири сол боз якчанд нафар чунин кӯдакон низ ба ватан интиқол меёбанд.

Ба гуфтаи ӯ, инҳо асосан кӯдаконе мебошанд, ки волидонашон аз онҳо даст кашидаанд, вале кӯдаконе ҳам ҳузур доранд, ки волидонашон дар Русия маҳкум шудаанд.

«Бо вуҷуди аз онҳо даст кашидани модаронашон, шаҳрвандони Тоҷикистон, давлати мо онҳоро дар кишвари бегона танҳо нагузошт. Ҳамаи кӯдакон дар хонаҳои кӯдакон ба тарбият фаро гирифта мешаванд. Агар касе хоҳиши фарзандхонии онҳоро дошта бошад, мо ҳатман ба онҳо кумак хоҳем кард», - гуфт намояндаи ВКД.

Қобили зикр аст, ки моҳи нояби соли гузашта чор нафар тифлони тоҷик аз Русия ба ватан баргардонида шуда, дар хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе ба тарбият фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани як тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад. Рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад.

Дар номаи электроние ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 21 сентябр тавассути вебсайти раисиҷумҳурӣ фиристода шуд, модари ин тифли фарзандхоншуда Ҳилола Егорова дархост карда буд, ки ба ҳоли ӯ раҳм кунанд.