Дар Сафорати Франсия дар Тоҷикистон намоиши навбатии асарҳои рассоми ҷавон ва муваффақи тоҷик Далер Миҳтоҷов бо номи «Асрори кӯзаҳо» баргузор гардид.

Тавре Далер Миҳтоҷов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намудааст, намоиш ба омад-омади баҳори нозанин ва Наврӯзи хуҷастапай бахшида мешавад.

Ба иттилои рассом, дар намоиш зиёда аз 25 ҳунари наққошӣ аз ашъори Умари Хайём манзури тамошобинон гардонида шуданд.

Ҳадафи ташкили намоиш дар Сафорати Франсияро Далер Миҳтоҷов дар муаррифии ҳунару фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон ва тавсеаи ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон бо Франсия арзёбӣ намудааст.

Дар фарҷоми намоиш тамшобинон ва меҳмонон китоби тозаэҷоди Далер Миҳтоҷов таҳти унвони «Кӯзаҳо чӣ мегӯянд»-ро харидорӣ намудаанд муаррифӣ шавад. 

1/8