Аз 1 то 15 март дар Чин озмуни зебоӣ ва истеъдоди «Miss Oriental Tourism Pageant 2017» баргузор шуд, ки аз 60 кишвари ҷаҳон иштирокчиёни синни аз 18 то 26-соларо гирдиҳам овард.

Тоҷикистонро дар ин озмуни модели 18-солаи агентии «Новая Эра» Ёсуман Холова намояндагӣ карда, баъди намояндаи Португалия Ана Коаудия Орнелас Бомфим (Ana Claudia Ornelas Bomfim) зинаи дуюмро ишғол намуд.

Акс аз бойгонии шахсии Ёсуман Холова

Боз ба як мақоми дигари ноибии маликаи озмун намояндаи Чин Лия Юан Ян (Li Yuan Yan) соҳиб шуд.

Акс аз бойгонии шахсии Ёсуман Холова

Барномаи озмун аз намоиши сарулибоси миллии иштирокчиён, либосҳои миллии Чин, сарулибоси шомгоҳон, озмунҳои истеъдод ва мусоҳиба иборат буд. Ғайр аз ин, намояндагони кишварҳо дар маросимҳои аксбардорӣ ва сайругашт дар музофотҳои Чин низ иштирок карданд.

Акс аз бойгонии шахсии Ёсуман Холова

«Ифтихор дорам, ки дар 18-солагиам ба чунин комёбӣ ноил гардида, миёни намояндагони 60 кишвари дунё дар озмун зинаи дуюмро ишғол кардам! Ифтихор дорам, ки Ватани худ - Тоҷикистонро ба таври шоиста намояндагӣ кардам! Ба волидонам ва устодам Нисо Қаюмова барои дастгирӣ ва бовариашон минннатдорӣ изҳор мекунам! Тоҷикистон ба пеш!», - навиштааст дар Инстраграмми худ модели ҷавони тоҷик.
Акс аз бойгонии шахсии Ёсуман Холова

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Ёсуман Холова дар фестивали моделҳо ва дизайнерони Pierre Cardin (Остона) ба касби мақоми сеюм ва дар озмуни Miss Fashion House International-2016 ба Шоҳҷоиза сазовор гардида буд.