Дар Театри ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 75-солагии Малика Собирова, раққосаи саршиноси балет, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди шӯравӣ ва ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ консерти тантанавии пуршукӯҳ доир гардид.

Барои гиромидошти хотираи неки Малика Собирова аз театрҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳунармандон ташриф оварданд.

1/35

Дар консерт порчаҳо аз балетҳои «Полонез», «Рубоиҳои Хайём», «Дон Кихот» ва ғайра ба иҷро расиданд, ки замоне дар онҳо худи «маликаи рақс» ҳунарнамоӣ мекард.