Алиҷон, як ҷавони оддии душанбегӣ, марҳилаи аз муҳоҷири машғул ба корҳои гуногун ё худ коргари сиёҳ то ба молики тиҷорати мустақили худаш расид. Ӯ кори мустақили худро роҳандозӣ намуда, ҳамроҳи бародаронаш тасмим гирифт, ки дар навбати аввал ба ҳамватанони муҳоҷираш дар кишвари бегона кумак кунад.

Дар бораи бародарони тоҷик ман тасодуфан, ҳангоми ба қахвахонае бо номи «Ҳалол» даромадан огаҳӣ ёфтам. Ин ҷо таъомҳоро хеле болаззат омода мекунанд, аз хӯрокҳо ғизоҳои маъмулии тоҷикӣ - шӯрбо, манту, сихкабоб (шашлик), самбӯса, лағмон ва албатта оши палов пешкаш мешавад. Ана дар ҳамин ҷо маълум шуд, ки ин қаҳвахона ба бародарони тоҷик мансуб буда, яке аз онҳо розӣ шуд, ки дар бораи корашон ва чӣ гуна муваафақ шудан ба он маълумот диҳад.

«Беҳтараш маро аксбардорӣ накунед. Ман аз он тоифае нестам, ки суратҳоям дар куҷое чоп шаванд. Дар кори мо ҳам - беҳтараш «хомӯшӣ», - огоҳ мекунад маро Алиҷон ҳангоми суҳбати телефонии мо доир ба дархостам дар бораи ҳикоят карданаш бобати тиҷорати хурдаш дар Русияи бузург.

Мо дар назди қаҳвахона вохӯрда, ӯ ҷавони муқаррариву хеле хоксор ва меҳрубону донандаи хуби забони русӣ ба назар менамояд.

Фиреб, милитсия, ихроҷ

«Вақте моҳи декабри соли 2003 бори нахуст ба Душанбе омадам, ҳаво хеле хунук буду ман ҳамагӣ 18 сол доштам, бисёр чизҳоро намефаҳмидам, аксар вақт маро фиреб мекарданд, ҳатто ҳамватанону шахсони наздикам, вале аз таҷрибаи худ мегӯям, ки ҳамаи ин озмоишҳоро мебояд паси сар намуд, то ки дар зиндагӣ ба чизе муваффақ гардӣ», - оғоз бахшид ӯ ба суҳбат.

Бепулии доимӣ, ки ҳама касони барои коркунӣ ба Русия раҳсипормешуда ба он гирифторанд ва боз хоҳиши зиёди ба донишгоҳ дохил шудану маблағ надоштан ба он, ӯро водор намуд, ки ба муҳоҷират рӯ орад. Ба сохтмон шиносҳо даъваташ карданд, ҳеҷ кадоме аз онҳо барои кор пули калон ваъда накард, лекин барои пардохти маблағи таҳсил кифоягӣ мекард. 

«Шиносномаҳои ҳамаро гирифтанд. Мо дар сохтмони воқеъ дар наздикии метрои «Преображенская площадь» дар Маскав зиндагӣ мекардем, дар ҳамон ҷо низ моро бо ғизо таъмин мекарданд. То ҳол дар хотир дорам, ки чӣ гуна хунук мехӯрдам. Чӣ гуна интизор будам, ки маошамро гирифта, дарҳол сарулибоси зимистона мехарам», - ҳикоят мекунад ӯ.

Музди меҳнатро ӯ танҳо баъди 1,5 моҳ бо асъори амрикоӣ гирифт. 100 долларро мебоист бо рубли русӣ иваз намуд, «саррофон» дар ҳар куҷое истода, «қурбонӣ»-и худро интизор буданд.

«Ман 100 доллар дода, ӯ наздам 2000 рубли русиро ҳисоб карда дод. Пулро ба кисаам андохта, ба бозори Черкизово рафтам. Дар ҳайрат афтодам, вақте дидам, ки дар кисаам ҳамагӣ 700 рубл будааст. Дубора назди саррофон давидам, лекин он шахсоне, ки пулҳои маро иваз карда буданд, аллакай дар он ҷо ҳузур надоштанд», - ғамгинона ба ёд меорад Алиҷон.

Баъдтар сарфаҳм меравад, ки ӯро бо тарзи рафтори моҳиронаи ангуштони даст фиреб додаанд. Вале ба ҳар ҳол хурсандӣ ҷой дошт, зеро бо ин маблағи боқимонда Алиҷон тавонист, ки барои худ нимтана (куртка)-и зимистона ва папойафзоли гарм бихарад.

Ин бори нахуст буд, ки ӯ барои кори 11-моҳааш дар сохтмон маош гирифта буд. Баъдан ӯро милитсия, боздошт, ҳуҷраҳои сарди бинои нозироти минтақавии милитсия ва ихроҷ аз Русия ба муҳлати се сол пайгирӣ доштанд.

«Ба хотир овардани он рӯзҳо душвор аст. Моро аввал лату кӯб ва ба муддати се рӯз дар кадом як хоначаи танг маҳкам карданд, ки  ҳоҷатхона ҳам надошт. Ба мо хӯрок он тараф истад, ҳатто об намедоданд», - мегӯяд муҳоҷир.

Ба гуфтаи номбурда, чашмони яке аз кормандони милитсия як умр дар хотираш нақш бастааст: «Дар ҳама ҷо одамони хуб ҳастанд, ҳатто агар шуморашон хеле кам бошад ҳам, лекин ҳастанд. Ӯ пинҳонӣ аз ҳамкоронаш ба мо нон дода, шабона барои ба ҳоҷатхона рафтан кумак кард».

«Афсӯс, ки мардон гиря карда наметавонанд. Ба ман хеле аламовар буд, ки суд доир ба дар муддати 10 рӯз ба муҳлати 3 сол тарк кардани қаламрави Русия қарор содир намуд. Ман ба майдони сохтмон шитоб кардам, то ки шиноснома ва маоши ваъдагиро гирифта, бо ин пулҳо барои ба Тоҷикистон рафтан билет харам. Ҳуҷҷатҳоямро дода, лекин барои корам маблағ пардохт накарданд», - ҳикоят мекунад ҳамватани мо.

Ба ӯ шиносҳояш пул доданд, ки ин маблағ танҳо то ба Астрахан расидан кифоя кард. Вақте ки қатораи ба Душанбе раҳсипор ба истгоҳи Астрахан меояд, Алиҷон дар чӣ гуна ҳолат қарор доштанашро софдилона ба нахустин роҳбалади дучоршудааш мефаҳмонад. Худаш ҳам интизорӣ надошт, ки ба вагон дохил шуда, ӯро натанҳо то Душанбе мерасонанд, балки тамоми роҳ бо ғизо ҳам таъмин мекунанд. «Барои ҳамаи мушкилоте, ки ба сарам омад, аз Худованд миннатдорам. Имрӯз медонам, ки Аллоҳ маро санҷида, вале дар баробари ин ба истиқболи ман шахсони меҳрубонро низ фиристод», - мутмаин аст Алиҷон.

Зиндагии нав дар Самара

Дар ватан ӯ муддати ду сол дар яке аз дӯконҳои гӯштфурӯшии пойтахт кор карда, лекин орзуи гирифтани маълумоти олӣ ҳеҷ ҷомаи амал намепӯшид.

Боре занги телефонӣ садо медиҳад, ки аз бародари калонӣ аз Самара буд. «Бародарҷон, биё, корҳои мо оҳиста-оҳиста хуб шуда истодаанд. Мо ному насаби туро тариқи пойгоҳҳои маълумот ҷустуҷӯ карда, огаҳ шудем, ки ту дигар дар рӯйхати афроди вурудашон ба қаламрави Русия манъшуда ҳузур надорӣ», - гуфт хушбинона бародараш. 

Баъди чанд ҳафта Алик (тавре бародаронаш Алиҷонро ном мебаранд) аллакай ҳамроҳи бародаронаш дар дӯкони фурӯши шаурмаи шаҳри Самара ба кор мепардозад. «Ман шаш сол бидуни ягон рӯзи истироҳат кор кардам. Мо дар як нуқта ҳамроҳи бародаронам кор мекардем. Пул ҷамъ кардаву қисматеро  ҳар моҳ ба падару модарамон мефиристодем Боре соҳиби дӯкон тасмим гирифт, ки нуқтаашро мефурӯшад ва мо бародарон онро харидем»

Қаҳвахона ва фермаи худ

Ҳеҷ касе фикр надошт, ки тиҷорати онҳо дар соҳаи хӯроки умумии Самара маҳз аз ҳамин кор оғоз мешавад. Баъди соҳиб шудан ба ин дӯкон, онҳо муддати се сол боз якчанд нуқтаҳои фурӯши шаурмаро дар мавзехои гуногуни шаҳри Самара мекушоянд. Сипас ҳамаро ба тарозуи ақл баркашида, тасмим мегиранд, ки қахваҳонаи «Ҳалол»-ро ифтитоҳ намоянд.

Муддати ним сол ин макон ба ҷойи хеле писандида табдил меёбад. «Мо хӯрокро на бо ҳадафҳои манфиат аз мазҳаб, балки танҳо аз рӯи шариати ислом тайёр мекунем. Одамон ба хубӣ мефаҳманд, ки дар ин нуқтаҳо метавон ғизои солим ва аз нигоҳи экологӣ тозаро истеъмол намуд, зеро ҳамаи он ғизое, ки дар қаҳвахонаи мо пешкаш мешавад, маҳсулоташ аз полез ва фермаи худамон аст», - мегӯяд ӯ.

Ирина Умарова

Маълум шуд, ки ба хотири дарёфти ғизои хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тоза бародарон тасмим мегиранд, ки 40 километр дуртар аз шаҳри Самара фермаи начандон бузурги худро ташкил кунанд. Дар ин ҷо чорвои калони шохдор парвариш меёбад, ки гӯшташ барои тайёр кардани шаурма ва хӯрокҳои қаҳвахона истифода мешавад.

«Дар як ҳафта се маротиба ба ферма меравам. Дар ин ҷо ҳамдиёронам машғули кор буда, ман комилан ба онҳо бовар дорам», - бо ишора ба ферма мегӯяд Алиҷон. Ин ҷо лозим ба зикр аст, ки дар ферма, дӯконҳои фурӯши шаурма ва қаҳвахонаи «Ҳалол» танҳо зодагони Тоҷикистон кор мекунанд. Талабот ба онҳо оддӣ аст - софдилона кор кардан, аз истеъмоли тамоку ва шароб даст кашидан ва пеш бурдани тарзи ҳаёти солим.

Дар робита ба мутобиқ шудан ба ҳаёт дар Русия Алиҷон гила мекунад, ки ҳеҷ наметавонад ба иқлими Русия одат кунад. «Баҳори Тоҷикистонро пазмон мешавам. Аваали моҳи март дар Тоҷикистон ҳама ҷоро зебоӣ фаро мегирад: шукуфоиву накҳати хушу гуворо ва зиндашавии табиат бо ҳама рангорангиаш. Ин ҷо бошад, ҳоло ҳам рӯи замин барфпӯш аст. Тобистонаш ҳам мисли ватани мо нест. Гармиву нурҳои тафсони хуршедро пазмон мешавам», - мегӯяд ӯ.

Манзили дилнишину меҳмоннавоз

Се бародар ҳамроҳи оилаашон зери як бом зиндагӣ мекунанд. Оилаи онҳо аз 15 нафар иборат буда, ҳамроҳ дар як хонаи калон иқомат доранд. Волидон тез-тез аз Тоҷикистон ба аёдати онҳо омада, баъди як муддати меҳмонӣ боз ба ватан рахти сафар мебанданд.

Кӯдакони хурдсоли оила ба кӯдакистон намераванд, ҳарчанд он хеле наздик, 10 метр дуртар дар паҳлӯи хонаашон воқеъ аст. Кӯдакони калонсол дар мактаб таҳсил намуда, ҳеҷ гоҳ аз муноқиша бо ҳамсолонашон дар заминаи миллатгароӣ шикоят надоранд.

«Кӯдакон дар ҳама ҷо аз кӯдакиашон намемонанд, онҳо бо кӯдакони мо дӯстӣ мекунанд, бисёр вақт ҳамроҳ дарс тайёр карда, ба сурати умум хел меҳрубонанд, ки нисбати бархе аз калонсолон инро ҳарфҳоро наметавон ба забон овард», - бо таассуф мегӯяд Алиҷон.

Сухан гуфтан дар бораи мушкилотро хуш надорад, дар доираи аҳли оила кӯшиш мекунанд, ки ба баррасии мушкилиҳо овора нашуда, мувофиқи имкон ба ҳаллу фасли он муваффақ гарданд.

«Муҳоҷирати гаронбаҳо»

«Муҳоҷират ҳамеша нарх дорад. Фикр мекунед, тиҷорат осону зиндагӣ миёни касоне, ки метавонанд туро мавриди таҳқир қарор диҳанду шаъне эътиборатро паст зананд, осон аст? Ман аз санҷишҳо ҳарос надорам, софдилона кор мекунам, талош меварзам, ки ба ҳамдиёронам кумак кунам, вале дар шароити хеле танг кардани имкони амал, коркунӣ хеле душвор буда, санҷишҳои беохир натанҳо вақтро беҳуда сарф мекунанд, балки асабҳро низ хароб месозанд».

Ӯ афсӯс мехӯрад, ки Тоҷикистон ба дилхоҳ шахсон маълумоти хубу кори шоиста дода наметавонад. Аз ин рӯ, миллионҳо нафар тоҷикон муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд, чунки он ҳамаро хӯрондаву пӯшонда, қариб ягона имкон ба ҳаёти шоиста барои бисёр оилаҳои муқими кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Барои рӯи сафҳа овардани воқеаҳои зиндагии Алиҷон лозим омад, ки муддати ду рӯз ҳамроҳаш ба дӯконҳои фурӯши шаурма рафта, сипас аз ферма, қаҳвахона ва манзили калони онҳо  низ боздид кунем. Ҳангоми ҳикояти ӯ дар бораи зиндагиаш маро андешае фаро гирифт, ки охир сарфи назар аз ҳамаи мушкилот, ин шахс одами одддиву заминӣ боқӣ монда, даҳҳо тан аз ҳамватанонашро бо кор таъмин кардааст. Айни замон назди бародарон ҳудуди 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон машғули коранд. Онҳо минбаъд низ тиҷораташонро густаришу ривоҷ доданианд.

Дар фарҷом Алиҷон ба ҳамватаноне, ки дар Русия машғули коранд ё нияти сафар барои кор кардан дар хориҷи кишварро доранд, чанд маслиҳате дод.

8 маслиҳат ба ҳамватанон аз Алиҷони тоҷири муқими шаҳри Самара

1. Агар барои пулкоркунӣ ба Русия азми сафар дошта бошед, бояд забони русиро хуб донед;

2. Ҳамеша ҳуҷҷатҳоро қонунӣ ба расмият дароварда, бо худ нигоҳ доред;

3. Ҳар чӣ қадар маблағи зиёди пулӣ кор карда бошед ҳам, онро беҳуда харҷ накунед, бахусус ба зиёфатҳои сермасраф ва истироҳату фароғатҳои нолозим;

4. Ҳар чӣ коре, ки ба саратон меояд, ноумед нашавед. Шояд ин як озмоише аз Худованд аст, ки устувории шуморо дар ҳолатҳои гуногуни душвори зиндагӣ месанҷад;

5. Агар имрӯз ҳолати ногувор ҳам доред, умед ба фардои хубро аз даст додан лозим нест;

6. Ба майлу ҳавас ва дилкашолиҳо дода нашавед: аз духтарони дастрас барои шиносоӣ натиҷаи хубе ҳосил намешавад. Истеъмоли беҳад зиёди шаробу мастӣ қалбро маҷрӯҳу кисаро холӣ месозанд;

7. Ба ҳама гуна кишваре, ки барои пулкоркунӣ ва пешбурди рӯзгор интихоб кардаед, бо дили софу нияти дӯстиву созиш азми сафар намоед ва нифоқу хашмро ба гӯшаи фаромӯшӣ андозед.

8. Ба анҷоми корҳои неку хайр кӯшиш кунед ва дар хотир доред, ки ин кишвар ба мо имкони кору таъмини рӯзгори оилаамонро муҳайё мекунад.