Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки ба муайян кардани шахсияти марде, ки санаи 16 январ дар деҳаи Файзбахши ноҳияи Данғара дар дарахт овезон дарёфт шуд, мусоидату кумак кунанд.

АКСҲОИ ҷасадро бо ин суроға дидан мумкин аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, ҷасад аллакай муддати 9 рӯз аст, ки дар мурдахона (морг) қарор дошта, вазорат чандин маротиба бо нашри эълонҳо дар сомонаи худ дар ин хусус маълумот дода буд, лекин алҳол касе аз наздикони ҷасад пайдо нашудааст.

ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар сурати маълумот доштан дар бораи ин шахс ба телефони боварии вазири корҳои дохилӣ - 221-21-21 ё қисми навбатдории ШВКД ноҳияи Данғара бо телефонҳои: (83312) 2-14-60, 900 16 37 54, 905 77 97 97, 884-88-90-91 ва ШВКД ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (83442)-3-22-35, 92-888-06-71 хабар диҳанд.