Дӯстдорони кино ва сериалҳо акнун онро метавонанд бо сифати хуб дар портали MegaMovie аз «МегаФон Тоҷикистон» тамошо кунанд. Барои пайвастшавӣ ба портал муштариёни ширкатро кофист, ки USSD-супориш (команда)-и *4001# ё адади 0-ро ба рақами кӯтоҳи 4001 фиристанд. Пардохти ҳамарӯза барои истифода аз ин хизматгузорӣ - 1,20 сомониро ташкил медиҳад.

«Ширкати мо ҳамқадами замон буда, дар баъзе ҳолатҳо пешакӣ дархостҳои муштариёнро ба инобат мегирад. Айни замон тамошои видео тариқи онлайн маъруфияти бештар касб мекунад. Аз ин рӯ, мо ба муштариён тамошои филмҳои шавқовар дар як вақт бо тамошобинони дигар кишварҳои ҷаҳонро пешниҳод намудем. Роҳандозии портали мазкур ба тамошои филмҳои навтарин дар ҳама гуна вақти қулай барои муштариён бидуни аз хона берун рафтан имкон медиҳад», - қайд кардааст Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Портали MegaMovie иҷозатномаи видео-контент дар шакли сериалҳои писандида аз «Амедиатека» дорад. Ҳозир web-версияи портал роҳандозӣ ва замимаи мобилӣ барои iOS дастрас буда, ояндаи наздик барои Android низ замима пайдо мешавад.

Портал ба муштариён бо суроғаи https://megamovie.tj/ дастрас аст.

Маълумоти муфассал дар бораи чӣ гуна пайваст шудан ба портал бо суроғаи https://megamovie.tj/main.php?q=basic/rule қобили дарёфт мебошад.