Дар театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинӣ доир гардид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҷоизаи ҷумҳуриявӣ ба номи Лоҳутӣ дар бахши телевизион ба Бахтиёр Сафаров, корманди фақиди телевизион, дар бахши радио ба Баҳринисо Маҷидова, корманди радиои “Фарҳанг” ва Махфират Носирзода, хабарнигори радиои “Садои Душанбе” супорида шуд.

Барои маводи имлӣ-таҳқиқотӣ ин ҷоиза ба Ҷамила Раҳмонова ва Бахтиёр Қутбиддинов, устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ ихтисос гирифт. Дар бахши матбуот ин ҷоиза ба 5 хабарнигор - Фахриддини Холбек, Абдулқодири Раҳим, Асалмоҳ Назарова, Ҳотами Ҳомид ва Карим Шариф дода шуд.

Имсол ҳамчунин ҷоизаи алоҳидаи Академияи ВАО дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба чанде аз расонаҳои хабарӣ дода шуд. Аз ҷумла “Озодагон” “Ҳафтаномаи сол”, “ТВ Варзиш” Телевизиони сол, “Имрӯз” радиои сол, АМИТ “Ховар” Оҷонсии сол, “Садои шарқ” маҷаллаи сол ва Нуралӣ Давлат - коршиноси сол эълон гардид. Дар доираи таҷлил аз рӯзи матбуот ба чанде аз собиқадорони матбуоти тоҷик мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Коршинос Нуралӣ Давлат
Asia-Plus

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад. То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 371 рӯзнома (109 давлатӣ ва 262 хусусӣ) ва 243 маҷалла (113 давлатӣ ва 130 хусусӣ) чоп мегарданд. Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин 313 матбаа (36 давлатӣ ва 277 хусусӣ), 45 нуқтаи китобфурӯшӣ (3 давлатӣ ва 42 хусусӣ), 71 нашриёт (10 давлатӣ ва 61 хусусӣ) ва 11 агентии иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 хусусӣ) фаъолият мекунанд. Ҳоло ҳамаи матбуоти даврӣ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва «Дар бораи табъу нашр» ба роҳ мондаанд.