Бозор Собир - шоири маҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар ИМА, Намояндагии ҶТ дар СММ ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ додд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Қобили зикр аст, ки шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собири 79-сола дар бемористони шаҳри Сиэтли ИМА бистарист. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим хабар дод.

«Вақтҳои охир Бозор Собир худро бад ҳис мекард ва бо ҳамин сабаб баҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омада натавонист. Мо бо ӯ тариқи телефон гап зада, шоир изҳор намуд, ки табибон ба ӯ сафарҳои тӯлониро иҷоза намедиҳанд», - хабар дод Низом Қосим.

Зимнан зикр шуд, ки Бозор Собир чанд рӯз пеш дар бемористон бистарӣ шуда, аз вазъи ҳозираи шоир ӯ хабар надорад.

Дар бораи бемории Бозор Собир рӯзи 5 апрел Барот Қодирӣ дар саҳифааш дар Фейсбук бо истинод ба наздикони шоир хабар дод. Ӯ навишт, ки шоир  5 рӯз боз дар шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) таҳти табобат қарор дорад.

Радиои Озодӣ менависад, Гулчеҳра Собир – ҳамсари Бозор Собир – шоири маъруфи тоҷик гуфтааст, ки ӯ як ҳафта боз дар бемористони Сиэтл бистарист ва вазъаш бисёр вазнин аст: «Сахт маззааш нест. Дар бемористон дар паҳлӯяш истодаам. Тамоман сиҳат нестанд». Аммо ӯ дар бораи бемории Бозор Собир ҷузъиёт надодааст. Танҳо гуфтааст, ки шоири маъруф аз дарди қалб ранҷ мекашад.​