Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Марат Орипов ва аъзои оилаи ӯ аз президенти ҷумҳурӣ ва раиси пойтахт дархост доранд, ки мушкилоти кӯчбандии онҳоро ҳал кунанд.

Ходими маъруфи фарҳанг, актёри кино ва коргардон Марат Орипов имрӯзҳо дар манзили иҷора зиндагӣ мекунад, зеро то ҳол ба оилаи ӯ маблағи хонаи кӯчидашудаашонро напардохтаанд.

«Аз соли 1957 мо дар кӯчаи Ғанӣ Абдулло (феълан Ҳанифа Мавлонова) иқомат доштем, - ҳикоят мекунад ҳамсари ҳунарманд Геновайте Орипова, - Ду сол пеш ба сокинони кӯча варақаҳои бемуҳру бесанаи имзошуда аз ҷониби раиси ноҳияи Исмоили Сомониро тақсим карданд, ки дар он танҳо зикр шуда буд, ки ба мақомоти ноҳия ҳуҷҷатҳои манзилро пешниҳод намуда, аз сохтмони минаъда ва таъмир дар хонаҳоямон худдорӣ кунем. Ва дигар ҳеҷ чиз. Моҳи октябри соли гузашта намояндагони раҳбарияти ноҳия омада, гуфтанд, ки ба шумо барои кӯчидан як моҳ муҳлат дода мешавад».

Ба қавли Орипова, ба сокинони кӯча ба ивази хонаҳояшон интихоби хона дар биноҳои нав ё гирифтани пули манзилро пешниҳод намуданд.

«Ҳанӯз замони аввалин бор хабар додан дар бораи кӯчидан ҳамсарам бо таассуф онро қабул намуда, аз андӯҳу ғамхӯрии зиёд бори дуюм ба бемории сактаи майна (инсулт) гирифтор шуд. Аз ҳамон вақт бистарӣ аст. Маҳз барои ҳамин мо тасмим гирифтем, ки пул гирифта, дар бинои нав бо назардошти муҳайё кардани шароити мусоид барои шавҳари беморам хона мехарем, лекин аллакай ним сол паси сар шуда, ба мо то ҳол пули хонаамонро пардохт накардаанд», - мегӯяд Геновайте Орипова.

Оилаи онҳо хонаро ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта ба иҷора гирифта буд.

«Вақте дар маҷлис дар бораи кӯчонидан хабар доданд, мо аз аввалинҳо шуда, розӣ шудем, зеро медонем, ки хонаҳо тибқи нақшаи генералӣ кӯчонида мешаванд, - мегӯяд Анӯшервон, писари ҳунарманд. - Чизҳоямонро ҷамъ кардем, лекин баъди як моҳ ҳеҷ касе ба мо барои хона пул надод. Аз ин рӯ, бо фарорасии сардиҳо ва назардошти вазъи падарам, қарор додем, ки хона ба иҷора мегирем».

1/2

Айни замон оилаи Ориповҳо дар вазъи молии душвор қарор дошта, барои хӯроку доруворӣ, маблағи иҷора ва дигар эҳтиёҷот пул лозим аст. Ғайр аз ин, онҳо ҳамаи воситаҳои тайи солҳои охир ҷамъовардаашонро барои хона дар бинои нав гаравпулӣ пардохт намудаанд.

Худи ҳунарманди маъруф ҳарчанд аз ин ҳолат бо оилааш бисёр ғамгину дар ташвиш бошад ҳам, лекин рӯхафтодагиашро нишон намедиҳад.

«Ҳар субҳ бедор шуда, хонаамро аз назар мегузаронидам, ки дар он суратҳои наздикони ман овезон буданд, китобхонаи калон буд, китоб гирифта мехондам, - мегӯяд Марат Орипов. - Ҳозир онҳоро муваққатан ба шиносу хешовандон додем. Дар хонаи бегона зиндагӣ дорем. Мехоҳам, ки ба президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ муроҷиат намоям. Дар ҳалли мушкило мо кумак кунед. Ман аллакай пиру ҳозир чунин аст, ки қариб бехонаам. Дар хонаи худам зиндагӣ кардан мехоҳам…».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.