Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар Тоҷикистон бори 15-ум чорабинии бузургмиқёси маърифатии «Диктанти умумӣ» доир гардид, ки дар он беш аз 1,5 ҳазор нафар иштирок карданд.

«Диктанти умумиро дар Тоҷикистон дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд навиштанд», - хабар додааст ба CA-NEWS роҳбари маркази таълимиву методии Маркази илму фарҳанги Русия Любов Дудко.

Донишҷӯёни чанде аз мактабҳои олӣ ва чор мактаби таҳсилоти умумии Душанбе дар намояндагии Россотрудничество худро санҷидаанд. Сокинони касбу кор ва синнусоли гуногун, аз ҷумла омӯзгорону ҳуқуқшиносон, табибону рӯзноманигорон, муҳандисон, донишҷӯён, нафақахӯрон ва соҳибхоназанон барои санҷиши дониши худ ба Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе омадаанд.

«Дар Маркази илму фарҳанг дар маҷмӯъ беш аз 300 нафар ҷамъ омаданд. Иштирокчии ҷавонтарин 12-сола ва пиронсолтарин - 65-сола буданд. Ба сурати умум дар ин чорабинӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 1500 нафар ширкат варзиданд, ки нисбат ба соли гузашта 500 нафар зиёдтар аст», - иброз доштааст Дудко.

Натиҷаҳои диктант нимаи ҳамин ҳафта маълум мешаванд. Соли 2017 баҳои миёна аз диктанти умумӣ дар Тоҷикистон «се» арзёбӣ шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.