Имрӯз аз тарзу усулҳои тайёр кардани коғази «абрешимӣ» танҳо устодони коргоҳи «Мерос» дар деҳаи Конигили назди шаҳри Самарқанд огаҳӣ доранд.

Дар гузориши аввали лоиҳаи нави «Салом, соседи!» (Салом, ҳамсояҳо!) мо тасмим гирифтем, ки дар бораи тарзи қадимаи тайёр кардани коғази «абрешимӣ», ки дар саросари ҷаҳон ҳамчунин бо номи «коғази самарқандӣ» низ маъруф аст, маълумот диҳем.

Таърихи оғози истеҳсоли он ба қадре қадимаву пурасрор аст, ки бо камоли майл ба ин иқдом даст задем: мегӯянд, асрори истеҳсоли коғаз ба косибони Самарқанд дар асри VIII, вақте артиши чиниҳо ба сарзамини онҳо ҳуҷум мекунанд, маълум шудааст. Онҳо бар самарқандиҳо ғолиб омада натавониста, ба ивази зинда мондан, ба кушодани асрори тайёр кардани коғази мустаҳкаму дарозумр розӣ мешаванд.

Коғази Самарқанд аълосифат,  пурбардор ва хушнавис буда, дар бисёр дастхатҳои қадим ба китобҳое дучор шудан мумкин аст, ки дар коғази Самарқанд таълиф шудаанд ва ҳоло ҳам қимату намуди худро гум накардаанд. Маҳз дар ҳамин гуна коғаз хаттотон хушнависӣ кардаву наққошону расомон қаламкашӣ мекардаанд.

Имрӯз аз тарзу усулҳои тайёр кардани коғази «абрешимӣ» танҳо устодони коргоҳи «Мерос» дар деҳаи Конигили назди шаҳри Самарқанд огаҳӣ доранд. Зариф Мухторов, яке аз моликони коргоҳ ба мо дар бораи мо тарзу усул ва аз чӣ  тайёр кардани ин коғази хушсифат маълумот дод.

Хамтоёни тоҷику ӯзбекро ба ҳамкорӣ даъват мекунем - сюжетҳоятонро ирсол намоед, қаҳрамонҳои нав ва мавзӯъ барои гузоришҳои тозаро, ки барои ҳамсояҳои мо шавқовар буда метавонанд, пешниҳод кунед! Ҳамчунин шумо метавонед аз роликҳои мо дар сомонаҳои худ истифода бурда, ба ин васила ба ҳамдигарфаҳмиву наздикшавии Душанбеву Тошканд, Хуҷанду Хива, Кӯлобу Бухоро, Хоруғу Самарқанд мусоидат намоед.

Тавассути суроғаҳои зерин метавонед бо мо дар тамос шавед: [email protected] и [email protected].